Ссылки доступа

Ӯзбекистон истифодаи маводи сунъиро дар ғизои кӯдакон манъ кард


Дар соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон чораҳое барои маҳдудсозии воридот ва истифода аз маводҳои дорои ҷисмҳои тағйирёфтаи генетикӣ гирифта мешаванд, омадааст дар қарори президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки 22 феврал дар матбуоти расмӣ нашр шуд.

Ба навиштаи хабаргузории СА-News, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов 9 феврал барномаи давлатии “Соли модар ва кӯдаки солим”-ро тасдиқ кард. Тибқи ин барнома, Ӯзбекистон мехоҳад ба қонун дар бораи “Сифат ва амнияти маҳсулоти хӯрока” тағйироте ворид карда, истифода аз маводи маснуӣ дар ғизои кӯдаконро манъ кунад.

Ҳамчунин ҳукумати Ӯзбекистон мехоҳад ба қонун дар мавриди маҳдудиятҳои воридот ва истифода аз маҳсулоти хӯрокае, ки дар таркибашон маводи маснуӣ вуҷуд дорад, тағйирот ворид кунад.

Ёдовар мешавем, ки маводи маснуӣ дар хӯрок ба ҷисми инсон таъсири хатарнок дорад. Дар пайи таъсири чунин маҳсулот дар ҷисм наҳваи гардиши хун вайрон мешавад. Нафароне, ки чунин маҳсулотро истифода мекунанд, метавонанд гирифтори бемории саратон шаванд. Як таъсири чунин мавод ин аст, ки ҷисми инсон ба дорувориҳо чандон посухгӯ намешавад. Яъне, табобати истеъмолкунандаи хӯрокҳои дорои маводи маснуӣ аз ҳар гуна беморӣ душвор мешавад.

XS
SM
MD
LG