Ссылки доступа

Фаъолияти консулгарии Қирғизистон дар Алмаато санҷида мешавад


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон фаъолияти Консулгарии кулли кишвар дар шаҳри Алмаатои Қазоқистонро месанҷад.

Ин тасмим дар дидори котиби ВКХ Данияр Сиддиқов бо намояндагони қирғизтабори Алмаато эълон шуд.

Ба гуфтаи вай, вазорат ба фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷи кишвар дар заминаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Қирғизистон аҳамияти хоса зоҳир мекунад.

Котиби вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин ба ҳозирон хабар дод, ки кори Консулгарии кулл дар Алмаато санҷида мешавад. Ҳамчунин тасмим шудааст дар зудтарин фурсат ВКХ Қирғизистон комиссияеро барои санҷидани фаъолияти Консулгарии кулл ва ҳамчунин барои мулоқот бо ҳамватанон ба хотири фаъолияти беҳтари ин намояндагӣ фиристад, гуфта шудааст дар баёнияи ВКХ Қирғизистон.

Ёдовар мешавем, ки пештар намояндаҳои қирғизтабори Алмаато аз фаъолияти Консулгарии кул интиқод карданд.

XS
SM
MD
LG