Ссылки доступа

Мансабдор бо лақаби “Гитлер” боздошт шуд


Ҳокими собиқи вилояти Тошканд Аҳмадҷон Усмонов баъд аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ боздошт шуд.

Ба иттилои манбаи бахши ӯзбекии Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии Ӯзбекистон, ҳокими собиқи вилояти Тошканд Аҳмадҷон Усмонов рӯзи якшанбеи 21 феврал боздошт шудааст. Аллакай субҳи рӯзи душанбе ӯро дар боздоштгоҳи Идораи амнияти миллӣ (ИАМ) ё таҳхона бозпурсӣ карданд.

Як мақоми огаҳ аз қазия мегӯяд, ки парвандаи ҷиноӣ дар нисбати Аҳмадҷон Усмонов дар миёнаи моҳи феврал боз шуда буд ва эҳтимолан ҳоло вай ба унвони шоҳид ё гумонбар бозпурсӣ мешавад. “Ба айбдор унвон кардани вай шитоб накунед”, -гуфт як мақоми собиқ, ки бо Аҳмадҷон Усмонов дӯстӣ доштааст.

​Ёдовар мешавем, ки баъд аз барканориаш аз вазифаи ҳокими вилояти Тошканд дар санаи 4 феврал, дар ҷаласаи ғайринавбатии вакилони халқи вилояти ҳамном Аҳмадҷон Усмонов фавран аз курсии Сенати Ӯзбекистон низ маҳрум карда шуд. Матбуоти расмӣ аз суханони интиқодии Ислом Каримов унвонии Аҳмадҷон Усмонов ёдовар шудааст, ки тибқи онҳо ҳокими собиқ “натавонист умедҳои мардумро бароварда созад” ва “ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад”.

Аҳмадҷон Усмонов дувумин ҳокими вилоят дар Ӯзбекистон аст, ки дар се моҳи охир аз вазифа барканор мешавад. Дар моҳи ноябри соли 2015 президент Ислом Каримов раҳбари вилояти Намангон Баҳодур Юсуфовро барканор карда буд.

XS
SM
MD
LG