Ссылки доступа

Пирӯзии варзишгарони қирғиз дар қаҳрамонии Осиё


Варзишгарони қирғиз дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аз рӯйи намудҳои гуногуни гуштӣ се нишони тилоӣ, ду нақрагӣ ва панҷ биринҷиро соҳиб шуданд.

Канибек Жолчубеков ва Жанарбек Кенҷаев дар гуштии намуди юнониву румӣ ва Айсулуу Тинибекова дар гӯштии занона нишони “тилло”-ро соҳиб шуданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аз рӯйи варзиши гуштӣ аз 17 то 21 феврал дар Бангкок идома дошт. Дар ин мусобиқот варзишгарон барои 24 маҷмӯи нишонҳо дар гуштии намуди юнониву румӣ, озод ва занона рақобат карданд. Дар ин мусобиқаҳо варзишгарони беш аз 20 кишвари Осиё ширкат карданд.

Мураббии хизматнишондодаи Қирғизистон дар навъи гуштии юнониву румӣ Алмаз Касенов ба ҳунарнамоии варзишгарони қирғиз баҳои баланд дода, муваффақияти онҳоро ба муваффқияти солҳои 2007-2008 монанд кард.

Мусобиқоти намунавӣ барои варзишгарони Осиёӣ дар гуштии навъи юнониву румӣ, озод ва занона дар Остона 26-30 март баргузор мешавад. Аз миёни гӯштигирони қирғиз то ҳол танҳо Арсен Эралиев барои ширкат дар бозиҳои Олимпиада дар Рио-де-Жанейро роҳхат дорад.

XS
SM
MD
LG