Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон Боғи "Пешвои миллат" бунёд мешавад


"Пешвои миллат" - боғи бузурги мевадиҳандаест, ки ба ифтихори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бунёд мешавад.

Ҳашари ниҳолшинонӣ бо ширкати худи президент 23 феврал дар боғ шуруъ шуд. Дар ин боғ, ки масоҳати умумии 160 гектарро дар бар мегирад, Эмомалӣ Раҳмон ниҳоли себ шинонд. Дар оянда дар боғи мазкур наздики ҳазор ниҳоли мевадиҳанда ва ороишӣ сабз мегардад.

Боғи мевадиҳандаи "Пешвои миллат" дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии "Асадулло" бунёд шудааст. Коргарони хоҷагии деҳқонии мазкур давоми 6 сол дар майдони 1700 гектар токи ангур ва дарахтони мевадиҳанда парвардаанд.

Мухолифини ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, бунёди боғ ба ифтихори президент - боз як нишони парасатиши сардори давлат аст. Ба гуфтаи онҳо, чунин "ташаббусҳо" ба имиҷи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ таъсири манфӣ доранд.

XS
SM
MD
LG