Ссылки доступа

Amnesty International аз таъқиби мухолифон дар Тоҷикистон нигарон аст


Amnesty International (Афви байналмилал) изҳор медорад, ки тибқи нишондодҳои вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2015 ва 2016 Тоҷикистон ба гурӯҳи "диққати махсус" шомил шудааст.

Намояндаҳои ин созмон ҳангоми муаррифии гузориши солона гуфтанд, ки дар соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ таъқиби мухолифон дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он қувват гирифтааст.

Ба иттилои ин созмон, соли гузашта чанд фаъоли сиёсӣ рабуда, ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Дар ватан онҳо ба ифротгароии динӣ айбдор шудаанд.

Дар моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро қатъ карда, онро террористӣ унвон намуд. Дар ҳамин моҳ 13 аъзои раҳбарият ва шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт гардиданд.

Ба иддаои Amnesty International, шиканҷа ва намудҳои дигари таъқиб дар Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ табдил шудааст. Ин созмон зикр мекунад, ки вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров пеш аз боздошташ дар бораи шиканҷа шудани муовини аввали ҳизби мамнӯи ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ хабар дода буд.

Ин созмон менависад, ки соли 2015 барои ҳуқуқдонҳои Тоҷикистон соли душворе буд. Дар аввали сол Шӯҳрат Қудратов ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд.

Amnesty International ҳамчунин аз маҳдудсозии озодии баён дар кишвар нигаронӣ мекунад. Он менависад, ки дар соли гузашта бархе аз сомонаҳои иҷтимоӣ ва хабарӣ дар кишвар баста шуданд ва мақомот то ҳол ин тасмими худро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG