Ссылки доступа

Марзбонони ӯзбек қисме аз рамаи қирғизҳоро баргардонданд


Як қисми рамаи гӯсфанди шаҳрвандони Қирғизистон - иборат аз 100 сар, ки дар ибтидои моҳи январи соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Аравани Ӯзбекистон дуздида шуда буд, ба соҳибонашон баргардонида шудааст.

Дар ин бора Хадамоти марзбонии давлатии Қирғизистон хабар медиҳад.

Дар ибтидои моҳи январ чаҳор фарди ношинос 332 сар гӯсфанди шаҳрвандони Қирғизистонро ба ҳудуди Ӯзбекистон бурда буданд. Марзбонони Қирғизистон бо ҳамтоёни ӯзбекашон тамос гирифта ва маҳаллӣ нигаҳдории гӯстфандонро пайдо кардаанд.

Ҳанӯз 10 январ ҷониби Ӯзбекистон 146 сар аз ин гӯсфандонро баргардонида буданд. Мақомоти қудрати ду кишвар афроди гумонбар дар ин дуздиро боздошт кардаанд. Гумонбарон 2 шаҳрванди Қирғизистон ва 2 шаҳрванди Ӯзбекистон будаанд. Сад сар гӯсфанди дигар 23 феврал ба соҳибонашон баргардонида шудааст.

XS
SM
MD
LG