Ссылки доступа

Овозаи "бомба" дар рӯнамоии гузориши марбут ба Қодиров


Пулиси Русия ҳангоми муаррифии гузориш дар бораи роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров вориди толор шуда, аз ҳозирин хост, биноро тарк кунанд.

Ин гузоришро ҳамраиси ҳизби ПАРНАС Иля Яшин омода карда буд. Сарфи назар аз талаби пулис, Яшин гузориши худро то ба охир муаррифӣ кард.

Ин сиёсатмадор мегӯяд, ҳангоми муаррифӣ касе занг зада, гуфтааст, дар бино бомба гузошта шудааст. Аммо "саперҳо" бомбаро пайдо накардаанд.

Дар оғози муаррифии гузориш, ки дар дафтари кории ҳизби ПАРНАС дар Москва баргузор шуд, нафари ношинос сӯи сиёсатмадор як даста долларҳои қалбакӣ ҳаво дод.

Ҳамраиси ҳизби ПАРНАС Иля Яшин дар солгарди қатли Борис Немтсов, сиёсатмадори дигари рус, ки соли гузашта кушта шуд, дар бораи Рамазон Қодиров гузориш таҳия кардааст. Дар гузориши 60-саҳифаӣ дар бораи сармоягузории Чеченистон аз ҳисоби буҷаи Русия, ҳолномаи роҳбари Чеченистон ва наздиконаш маълумот гирд оварда шудааст.

XS
SM
MD
LG