Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон бори аввал зан барои “ҷиҳод”-и Сурия зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон сокини 34-солаи Душанберо барои ширкат дар ҷанги Сурия ба 13 соли зиндон маҳкум кард.

Пештар ВКД ӯро дар “бисёршавҳарӣ” айбдор карда буд.

Сокини 34 солаи Душанбе Зарина Сардорова барои ширкат дар ҷанги Сурия ва даъвати ҷавонон барои пайвастан ба “ҷиҳод” дар ин кишвар ба 13 соли зиндон маҳкум шуд. Бори аввал дар Тоҷикистон зане барои ширкат дар ҷанги Сурия маҳкум мешавад. Зарина Сардорова дар зиндони низомаш умумӣ адои ҷазо мекунад.

Судяи ин парванда Ҷӯрабек Ширинзода ҳангоми эълони ҳукм гуфт, ки Зарина Сардорова, модари ду фарзанд буда, дар оғози соли гузашта аз марзи Туркия дар минтақаи Ғозиёнтеппа гузашта, вориди Сурия шудааст. Вай тӯли 8 моҳ дар вилояти Дайр-ул-Зар қарор дошт. Пас аз он, ки дар ин вилоят ҷангҳои шадид шурӯъ шуданд, Зарина Сардорова бо 600 доллар дар даст нахуст ба Туркия ва сипас аз он ҷо ба Душанбе омад.

Тафтишот муайян кардааст, ки пештар Зарина Сардорова дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” бо номи Парвина Аминова сафҳа боз кардааст, ки мӯҳтавои матлабҳои дар он нашркардааш, аз даъват барои ҷиҳод иборат аст. Ҳамчунин дар ин сафҳа вай аксаш дар даст бо автоматро ҷой додааст. Вай мегӯяд баъд аз шинос шудан бо зане бо номи Маърифат дар шабакаи “Одноклассники” озими Туркия шудааст.

Пештар ВКД Тоҷикистон хабар дода буд, ки Зарина Сардорова ҳамзамон бо ду шавҳар зиндагӣ карда, баъд аз расидан ба Сурия, бори севум шавҳар кардааст.

Впервые в Таджикистане вынесен приговор женщине за участие в войне в Сирии
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:08 0:00

XS
SM
MD
LG