Ссылки доступа

Нақшаи раҳпаймоии ёдбуди Немтсов дар Маскав тасдиқ шуд


Мақомоти Москва ва мухолифон масъалаҳои фаннии раҳпаймоии ёдбуди Борис Немтсовро дар санаи 27 феврал баррасӣ карданд.

Раҳбари раёсати амнияти минтақавӣ ва мубориза бо фасоди шаҳрдории Москва Алексей Майоров ба хабаргузории «Интерфакс» гуфтааст, тарзи комили баргузории ин гирдиҳамоӣ муайян шудааст.

Вай гуфтааст, дар ин дидор масъалаҳои фаннии вобаста ба раҳпаймоии ёдбуд дар санаи 27 феврал дар масири аз гулгашти Страстной то гулгашти Сретенский ва сипас то хиёбони Сахаров баррасӣ шудааст.

Раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Русия Вигаудас Ушаскатс ва сафирони 28 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо, ки дар Москва фаъолият мекунанд, ба маҳалли қатли Борис Немтсов дар нахустин солгарди кушта шуданаш гулгузорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG