Ссылки доступа

Назарбоев «фоидаи ниҳоӣ"-и Иттиҳоди Авруосиёро зикр кард


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, ки ба «фоиданокии ниҳоии» Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) шак надорад.

Вай ин суханонро дар Остона, дар дидор бо раиси раёсати комиссияи иқтисодии Авруосиёгӣ Тигран Саркисян гуфт. Дар ин дидор ҳамчунин барномаи рушди ИИАО баррасӣ шудааст.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфт, раёсати Саркисян дар ин ниҳоди иқтисодӣ ба замоне мутобиқ омад, ки иқтисоди ҷаҳонӣ «ба марҳилаи хеле душвор ворид шудааст».

Ба иттилои маркази матбуотии президент, Назарбоев гуфтааст, ин мушкилиҳо «бо фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бастагие надоранд». Назарбоев бар ин аст, ки кишварҳои «зиёде» мехоҳанд ,узви ИИАО шаванд ё бо ин созмон минтақаи озоди тиҷоратӣ дошта бошанд.

ИИАО созмонест, ки дар он Русия, Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон ва Арманистон аъзо ҳастанд.

XS
SM
MD
LG