Ссылки доступа

Модари Ҳумайро: "Духтари ман наметавонист худаш ба Сурия равад"


Ҳумайро Мирова

Ҳумайро Мирова

Рисолат Ашӯрова, модари Ҳумайро Мирова - зани дувуми полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов аз ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон талаб дорад, ки духтарашро аз Сурия баргардонанд.

Рисолат Ашӯрова бовар надорад, ки духтараш ба Сурия рафта бошад. Ба гуфтаи вай, баъд аз он, ки домодаш Гулмурод Ҳалимов ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваст, Ҳумайро таҳти фишори сахти равонӣ қарор дошт.

Мақомоти Тоҷикистон 26 феврал хабар доданд, ки Ҳумайро Мирова ҳамроҳи чаҳор фарзандаш ба назди шавҳараш ба Сурия рафта ва низ ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст.

Рисолат Ашӯрова мегӯяд, ки писараш Шоҳназар тӯли як ҳафта дар боздоштгоҳ буд. Ҳамчунин ду хоҳари Ҳумайро ва ҷиянҳояш, ки яке сарбози ОМОН аст, низ дар боздоштгоҳанд. Ҳарчанд гуфта мешуд, ки яке аз ҷиянҳояш Ҳумайроро то марз гусел кардааст.

Фармондеҳи собиқи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон, ки дар ИМА ва Русия таълимоти махсуси зиддитеррористӣ гирифтааст, моҳи апрели соли гузашта ба Сурия рафт ва дар муроҷиати видеоӣ ҳушдор дод, ки ба Тоҷикистон бо "ҷиҳод" бармегардад.

XS
SM
MD
LG