Ссылки доступа

Деҳқони армантабор ва шариконаш аз 5 то12 сол зиндонӣ шуданд


Додгоҳи вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон деҳқони армантабор Арамаис Авакянро, ки дар робита доштан бо "Давлати исломӣ" айбдор дониста мешуд, 7 сол зиндонӣ кард.

Дар ин бора модари Фурқат Ҷӯраев, яке аз ҳамроҳони Авакян хабар медиҳад. Вай мегӯяд, писари ӯро мақомот рабуда, дар маҳбас шиканҷа додаанд.

Додгоҳи вилояти Ҷиззах ҳамроҳони Авакянро ба солҳои мухталиф равонаи зиндон кард. Аз ҷумла Фурқат Ҷӯраевро ба 12 сол, Бектемир Умурзоқовро ба 6 сол, Дилшод Алимов ва Акмал Маматмуродовро ба 5 солу 6-моҳӣ зиндонӣ кардааст.

Баъди як ҳафтаи ҳукми додгоҳ модари Фурқат Ҷӯраев Махтума Ҷӯраева дар суҳбат бо бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гуфт, 4 сентябри соли 2015 кормандони Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон писари ӯро дуздидаанд. Давоми 40 рӯзи баъди дуздидан хонаводаи вай аз маҳалли будубоши Фурқат хабар надоштааст.

Ба гуфтаи Махтума, мақомот писари ӯро дар боздоштгоҳ шиканҷа кардаанд, то Фурқат дар гуноҳи накардааш, яъне ҳамкорӣ бо ДИ иқрор шавад.

XS
SM
MD
LG