Ссылки доступа

Дар бозори Алайи Тошканд фурӯшгоҳро вайрон мекунанд


Дар бозори Алай, воқеъ дар маркази пойтахти Ӯзбекистон, 29 феврал вайронкунии фурӯшгоҳи мева ва сабзавот шурӯъ шуд.

Вайронкунии ин сохтмон, ки чанд даҳсола пеш дар замони шӯравӣ бунёд шудааст, дар чаҳорчӯби маъракаи бозсозии бозорҳо аз сӯйи мақомот сурат мегирад.

Бозори Айлай комилан бозсозӣ мешаваду дар бозори Миробод танҳо деворҳову бархе аз биноҳоро нав мекунанд. Барои ин бозсозиҳо қариб 15 миллиард сӯм (тибқи қурби воқеӣ қариб 2,5 миллион доллар) ҷудо шудааст. Корҳои бозсозӣ бояд то ҷашни 25 солагии истиқлолияти Ӯзбекистон анҷом шаванд.

Пештар расонаҳои маҳаллӣ низ хабар дода буданд, ки то охири соли 2016 барои бозори яклухтфурӯши Тошканд дар минтақаи Қӯйлоқ бинои нав сохта мешавад. Фурӯшандаҳо дар он ҷо дар фурӯшгоҳи бомаш пӯшида савдо хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG