Ссылки доступа

Зане ки дар Москва кӯдакро куштааст, ба гуноҳаш иқрор кард


Гулчеҳраи Бобоқулова, зодаи Ӯзбекистон, ки дар қатли кӯдаки чаҳорсола дар Москва гумонбар дониста мешавад, ба гуноҳаш иқрор кард ва розӣ шуд, ҳамаи ҷузъиётро дар ҷои ҳодиса нақл кунад.

Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба сарчашмааш дар мақомоти қудратии Русия хабар медиҳад. Ин корманди мақомоти Русия гуфтааст, муфаттишон боздоштшударо бозпурсӣ кардаанд ва вай ба гуноҳаш иқрор шудааст.

Субҳи рӯзи душанбе хабаре паҳн гардид, ки дар назди истгоҳи метрои "Майдони октябр"-и Москва зане бо либосҳои сиёҳ бар тан истодааст ва сари буридаи кӯдакеро дар даст дорад. Ба гуфтаи шоҳидон, ин зан таҳдид кардааст, ки худро метарконад ва ҳамзамон садои "Аллоҳу Акбар" дар додааст. Нашрияи "Комсомольская правда" менависад, вай худро террорист ва маргталаб номидааст. Аммо телевизионҳои давлатии Русия дар ин бора хабаре нашр накардаанд.

Баъди чанде ин зан боздошт шуд. Маводи тарканда аз вай пайдо нагардидааст. Бино бар навиштаи корбарони интернет, то ин ки пулис занро боздошт кунад, вай як соат дар назди метро истодааст.

Кормандони мақомоти қудратӣ волидони кӯдаки кушташударо низ бозпурсӣ карданд, ки гуфтаанд, Гулчеҳра зани хуб буд, вале вақтҳои охир дар оилаи вай низоъ бархост. Гулчеҳра ба онҳо аз муносибати бади шавҳараш доим шикоят мекардааст.

XS
SM
MD
LG