Ссылки доступа

Дар Қирғизистон сокинон намегузоранд, ки тило истихроҷ шавад


Сокинони деҳаи Чолпон-Отаи ноҳияи Токтогули Қирғизистон зидди коркарди кони тило эътироз карда, то 5 март ба ҳукумат фурсат додаанд, ки ин мушкилро ҳал кунад.

Сокинон мегӯянд, кони Узун-Акмат дар солҳои 50-уми асри гузашта коркард шуда буд, аммо баъди пайдо гардидани уран, пӯшида шуд. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар масоҳати 18 гектар то 69 кило тило мавҷуд аст.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, агар кон коркард шавад, мумкин аст уран рӯ бизанад ва ба деҳаи онҳо, ки дар 5-километрии кон ҷойгир аст, зарар расонад. Дар ҳоли ҳоли ҳозир мақомоти маҳаллӣ бо сокинон гуфтугӯ доранд, то ин ки аҳамияти конро ба эшон бирасонанд.

Дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон 39 ширкат ҳаққи коркарди конҳоро пайдо кардаанд, вале ҳамагӣ 9 ширкат ба таври муътадил фаъолият мекунад. Бештар аз 1000 сокини маҳаллӣ дар ин конҳо бо кор таъмин шудаанд. Дар соли 2015 дар ин вилоят 22 эътироз барпо шудааст, ки бештараш ба фаъолияти конҳо рабт доштанд.

XS
SM
MD
LG