Ссылки доступа

Ҳушдор ба донишҷӯёни тоҷик: "Бо тундгароён робита накунед!"


Ҳар гуна робита бо гуруҳҳои тундгаро дар интернет метавонад барои донишҷӯён пайомадҳои ҷиддӣ ба бор орад, огоҳ кардааст садорати Донишгоҳи исломии Тоҷикистон.

"Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни Донишгоҳи исломии Тоҷикистон" - чунин ном дорад огоҳномаи садорати донишгоҳ, ки 29 феврал дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуд.

"Мо иттилоъ дорем, ки бархе аз донишҷӯён телефонҳои мобилии худро барои дидани наворҳои видеоии гуруҳҳои тундгаро, аз ҷумла ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) истифода мебаранд. Ин вайрокунии қонун аст, донишҷӯёне, ки бо ифротгароён ва террористон робита доранд, аз донишгоҳ хориҷ ва алайҳашон парвандаи ҷиноятӣ боз хоҳад шуд", - омадааст дар огоҳнома.

Комилҷон Саидолимов, муовини ректори Донишгоҳи исломии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ нашри ин огоҳномаро дар интернет тасдиқ кард. "Донишҷӯёне, ки бо ифротгароён робита доранд ба амнияти кишвар халал эҷод мекунанд. Мо набояд ба ин амал роҳ диҳем, ки ходимони дини оянда зери таъсири ҷараёнҳо ва гуруҳҳои ифротгаро қарор гиранд ва дар кишвар фоҷиаи дигаре рух диҳад", - гуфтааст Саидолимов.

Ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон барои "писандидани" навори видеоии "Давлати исломӣ" 14 ҷавон боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG