Ссылки доступа

Дар баъзе донишгоҳҳои Тоҷикистон дарси "пешвои миллат" ҷорӣ шуд


Дар бархе аз факултаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуруъ аз моҳи феврал дар мавзуи "Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори Тоҷикистони навин" дарси алоҳидае ҷорӣ шудааст.

Ин давра ё курси омӯзишӣ марҳилаи ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои вай барои барқарории сулҳ дар кишварро дар бар мегирад, хабар медиҳад яке аз омӯзгорон. Дар баробари ин, ҳамчунин дар бораи китобҳои президент маъмулоти мухтасар ба донишҷӯён омӯзонида мешавад. Ин давраи омӯзишӣ дар Тоҷикистон номи дарси "Пешвои миллат"-ро гирифтааст.

Саймиддин Раҷабов, декани факултаи таърихи Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, дар дарсҳо ҳамчунин қонуни Тоҷикистон "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат" таълим дода мешавад. Раҷабов мегӯяд, ҳоло роҳбарияти донишгоҳ бо вазорати маориф дар ҳоли гуфтугӯст, ки ин давраро дар шакли фанни алоҳида ба донишҷӯён таълим диҳанд.

Дар соли гузашта баъди таблиғҳои густарда дар Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон бо қабули қонуни вижа Пешвои миллат шуд. Дар моҳи декабри соли гузашта қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат" қабул гардид. Ин қонун ба президент ва аҳли хонаводааш имтиёзҳои зиёд медиҳад.

XS
SM
MD
LG