Ссылки доступа

Қотили имом-хатиб ба ҳабси абад маҳкум шуд


Дар шаҳри Сундсвалли Шветсия додгоҳи таҷдиди назар шаҳрванди Ӯзбекистон Юрий Жуковскийро барои сӯйиқасд ба ҷони имом-хатиб Обидхон Назаров дар соли 2012 ба ҳукми абад маҳкум кард.

Ба ин тартиб, додгоҳ мӯҳлати аввалияи ҳукми додгоҳӣ дар нисбати Жуковскийро бештар кард. Нахуст вай барои талоши сӯйиқасд ба ҷони имом ва мухолифи президент Ислом Каримов ба 18 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ҳукми нав расман 1 март эълон шуд.

Дар моҳи декабр додгоҳи Шветсия Жуковскийи 37-соларо дар талоши сӯйиқасд ба ҷони имом-хатиби саршиноси ӯзбек Обидхон-қорӣ Назаров айбдор донист.

Баъд аз сӯйиқасд ба ҷонаш Назаров дар ҳолати беҳушист. Ҳамлагар дар шаҳри Стросмунд дар шимоли Шветсия ба Назаров се тир зада буд. Хешовандони имом-хатиб хабар доданд, ки Назаров аз маҳалли сараш сахт осеб бардошта, кори мағаш вайрон шудааст.

Жуковский 25 август аз Русия ба Шветсия барои дар додгоҳ ҷавоб додан истирдод шуда буд. Назаров дар оғози солҳои 1990 имоми саршинос дар Осиёи Марказӣ буд ва дар соли 2006 ба вай дар Шветсия паноҳгоҳи сиёсӣ доданд.

Ҳукумати Каримов ифротгароии диниро хатари ҷиддӣ барои ҳокимияти худ медонад ва ба ин сабаб Назаров барои мақомот хатарнок гардид. Соли 1998 мақомот барои боздошти Назаров бо айби ифротгароии динӣ ва терроризм дастур доданд ва ҳамон вақт вай тарки Тошканд кард.

Тошканд ҳамчунон тақозои истирдоди Назаровро мекунад ва ӯро дар ташкили таркишҳо дар назди биноҳои ҳукуматӣ дар Тошканд дар таърихи 16 феврали соли 1999 айбдор медонад.

XS
SM
MD
LG