Ссылки доступа

Мақомоти Тоҷикистон аз мардум хостанд ғизо захира кунанд


Сокинони Тоҷикистон бояд маводи ғизоӣ ва обро захира кунанд, зеро хатари камобӣ, эҳтимоли хушксолӣ ва беҳосилӣ вуҷуд дорад.

Ин нукта дар дар ҷаласаи ҳукумати кишвар садо дод, ки таҳти раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Дар сомонаи расмии президенти Тоҷикистон хабар дода шудааст, ки дар поёни ҷаласаи ҳукуматӣ Раҳмон аз фарорасии барвақти баҳори соли 2016 ёдовар шуда, аз эҳтимоли хушксолӣ ва камобӣ ҳушдор дод.

Ба ин хотир ба сокинони Тоҷикистон машварат дода шудааст, бо истифода аз ҳамаи захираҳо аз ҳоло тамоми заминҳои кишоварзиро об диҳанд ва дар ҳар куҷое, ки имкон дорад, обро захира кунанд.

Раиси ҷумҳур ҳамчунин аз зарурати сарфи ками маблағҳо барои баргузории чорабиниҳои давлатӣ, маросимҳои пурхарҷи мардумӣ таъкид карда, аҳолиро ба захира кардани ғизо даъват намуд.

XS
SM
MD
LG