Ссылки доступа

Тоҷирони қирғиз аз ҷанҷолҳои Русия зарар мебинанд


Ихтилофҳои Русия бо Туркия ва Украина дар интиқоли маҳсулот ба Қирғизистон таъсири манфӣ мерасонад.

Ширкатҳои боркашонӣ дар охири моҳи ноябри соли 2015 бо мушкилҳое рӯбарӯ шуданд. Он замон мошинҳои ҳомили маҳсулот аз Туркия дар марзи Русия банд монданд.

Ин иқдомҳоро Русия дар посух ба зада шудани ҳавопаймои низомии СУ-24-аш дар охири моҳи ноябри соли 2015 аз сӯйи ҳавопаймоҳои туркӣ дар фарози Сурия рӯи даст гирифт.

Мушкилиҳои ҳамсони ин дар оғози соли 2016 зимни транзит аз Украина низ такрор шуданд. Мақомоти Русия интиқоли маҳсулоти украинӣ тавассути қаламрави худро новобаста аз кишвари интиқолмеёфта ва моликони мошинҳои боркаш маҳдуд карданд.

Ҳоло ҳар ду кишвар мушкили транзити маҳсулотро ҳал карданд, вале ин кор муваққатӣ ва барои мӯҳлати номаълум ҷорӣ шудааст.

Дар натиҷа, мудири иҷроияи Анҷумани интиқоли байналмилалии маҳсулот (АИБМ) Темир Наязбеков гуфт, ки транзити маҳсулоти украинӣ ва туркӣ ба Қирғизистон тавассути қаламрави Русия қариб комилан қатъ шудааст.

Ҳукумати Қирғизистон аз ин мушкилиҳо огоҳонида шудааст, аммо то ҳол рӯшан нест, ки ҷонибҳо чӣ замоне ба баррасии ин мушкил шурӯъ мекунанд ва оё онҳо ба ҳалли он қодир ҳастанд ё на.

XS
SM
MD
LG