Ссылки доступа

Муҳоҷир ним миллион рубл ёфт ва ба соҳибаш баргардонд


Шерзод Насруллоев, коргари “Реал-гипермаркет”-и Москва ба муштарии хотирфаромӯш 520 ҳазор рубли русиро баргардонид.

Ин пулро муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар аробае дар истгоҳи гипермаркет пайдо кард.

Худи Насруллоев гуфт, “ним миллион рубл маблағи калон аст ва ман бовар доштам, ки соҳибаш барои он бармегардад”. Ҳамин хел ҳам шуд ва Шерзод дар ҳузури масъули гипермаркет пулро ба соҳибаш баргардонид. Вай пулро дубора шумурид ва наметавонист бовар кунад, ки маблағ комил аст. “Вай аз ман ташаккур кард ва сипас дар бораи миллатам пурсид. Ман бо ифтихор гуфтам, ки тоҷикам!”, - гуфт Шерзод.

Ба гуфтаи муҳоҷири меҳнатӣ, вай ҳатто фикри аз худ кардани ин пулро надошт ва чунин ҳодисаҳо пештар низ рух дода буданд. Боре вай 60 ҳазор доллари фаромӯшкардаи касеро пайдо карда, ин маблағро низ ба масъули фурӯшгоҳ супоридааст.

Шерзод Насруллоеви 27-сола зодаи қишлоқи Варзи ноҳияи Панҷакент мебошад. Ду сол аст, ки дар “Реал-гипермаркет” кор мекунад.

Мисолҳои ҳимматбаландии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бисёр аст. Соли гузашта Равшан Файзалови 47-сола, ки ронандаи миниавтобус дар Екатеринбург мебошад, ба зану шавҳари фаромӯшхотир ҷузъдони онҳоро бо 852 ҳазор рублро баргардонид, ки баробари 13 ҳазор доллар аст.

Муҳоҷири меҳнатии дигар, Забеҳулло Шафеъзодаи 25-сола 28 октябри соли гузашта вақти бозгашт аз кор ба хона дар яке аз мағозаҳои Москва ҳамёнеро пайдо кард, ки пур аз маблағу кортҳои бонкӣ буд. Ин бозёфти худро вай ба соҳибаш ба таври ҷолиб баргардонид. Забеҳулло дар бораи соҳиби ин ҳамён ҳеҷ иттилое дар ихтиёр надошт ва бо истифода аз маълумоти яке аз кортҳои бонкӣ ба соҳибаш пайёмак фиристода, шумораи телефони худро хабар дод.

Дар Русия садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон машғули кор ҳастанд. Бештаре аз русиягиҳо бо онҳо бовиқор муносибат карда, онҳоро дуздакони майда, таҷовузгар ва ё қочоқчиёни маводи мухаддир медонанд. Расонаҳои маҳаллӣ тӯли солҳои ахир маҳз чунин “симои муҳоҷирро” эҷод мекунанд.

XS
SM
MD
LG