Ссылки доступа

Дэвид Кей аз озодии баён дар Тоҷикистон гузориш хоҳад дод


Гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии баён Дэвид Кей вориди Тоҷикистон шуд.

Ба иттилои Маркази хабарҳои СММ, "дар тӯли як ҳафта вай чӣ гуна таъмин шудани мубоҳисаҳои оммавӣ, мустақилияти матбуот ва амнияти хабарнигорон ва фаъолонро рушан мекунад".

Девид Кей бо мақомоти расмии кишвар, намояндаҳои расонаҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ мулоқот карда, барои Шӯрои СММ дар умури ҳуқуқи инсон гузориш таҳия мекунад.

Сафари гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии баён дар ҳоле сурат мегирад, ки созмонҳои байналмилалӣ аз вазъи озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бонги хатар мезананд. Аз ҷумла, дар гузориши ахири созмони ҳимояи ҳуқуқи инсони Freedom House Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои "ноозод" шомил шудаанст. Ҳомиёни ҳуқуқи иддао доранд, ки ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон тамоми талошро анҷом додааст, ки Ҳизби мухолифи Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар интихоботи моҳи марти соли гузаштаи порлумонӣ ҳеҷ курсиеро соҳиб нашавад.

Human Rights Watch ва Norwegian Helsinki Committee - ду созмони дигари байналмилалии ҳуқуқи инсон ахиран аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, ки ҳамаи маҳбусони сиёсиро озод кунад.

XS
SM
MD
LG