Ссылки доступа

Отамбоев бо раҳбарони расонаҳои асосии Русия мулоқот кард


Президент Алмосбек Отамбоев 3 март дар чаҳорчӯби сафари кориаш ба Русия бо раҳбарони расонаҳои пештози ин кишвар мулоқот кард.

Дар ин бора дафтари матбуотии раҳбари кишвар хабар дод.

Дар ҷараёни ин дидор, ки дар дафтари марказии хабаргузории "Интерфакс" баргузор шуд, Отамбоев ба саволҳои вобаста ба самтҳои асосии рушди Қирғизистон ва ҷанбаҳои калидии ҳамкории миёни Қирғизистону Русия посух дод.

Ин дидор ба ибтикори хабаргузории "Интерфакс" баргузор шуд.

Сафари кории Отмабоев ба Русия 2 март шурӯъ шуд. Пеш аз дидор дар "Интерфакс" раҳбари Қирғизистон бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кард. Ҷонибҳо дар ин дидор масъалаҳои ҳамкории миёни ду кишвар, иҷрои тарҳҳои муштарак ва ҳамчунин ҳамгироӣ дар бахшҳои мухталиф ва тавсеаи ҳамгироии авруосиёгиро баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG