Ссылки доступа

Нашъаҷаллоб аз пулиси Тоҷикистон ронда шудааст


ВКД Тоҷикистон эътироф кард, ки афсари пулиси дар қаламрави кишвари ҳамсоя боздоштшуда бо маводи мухаддир пештар маъмури ин ниҳод буд.

Маркази матбуотии ин вазоратхона 3 март хабар дод, ки "Иброҳимов Муродалӣ, собиқ корманди умури корҳои дохилӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ №30 аз 9 феврали соли 2016 барои рафтори номуносиб ба корманди умури дохилӣ ва вайронкунии пайвастаи қоидаи корӣ аз ниҳодҳои корҳои дохилӣ ронда шуд".

Пештар Идораи давлатии назорат бар маводи мухаддири назди Ҳукумати Қирғизистон хабар дода буд, ки 1 март дар натиҷаи амалиёти махсус маъмурони ин ниҳод дар рустои Жаштики вилояти Ботканд мошини навъи "Опел-вектра"-ро бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт карданд.

"Корманди ВКД Тоҷикистон, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад, паси фармони ин мошин нишаста буд. Зимни бозрасии ин мошин аз дохилаш 36 кг. 300 грамм "ҳашиш" (чарси афғонӣ) ошкор карда шуд", - хабар дода буд ин ниҳод.

Ба иттилои Идораи давлатии назорат бар маводи мухаддири Қирғизистон, соли гузашта ин ниҳод бо айби қочоқи маводи мухаддир 11 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардааст.

XS
SM
MD
LG