Ссылки доступа

Бобоқулова куштори тифлро қасоси Сурия аз Путин номид


Гулчеҳра Бобоқулова, муттаҳам дар қатли кӯдаки чаҳорсола дар Москва, гуфт, ки бо куштани ин кӯдак вай аз Путин ба хотири бомбаборони Суря интиқом гирифтааст.

Гулчеҳра дар як наворе, ки дар шабакаи YouTube нашр шуд, ин ҳарфро баён мекунад. "Путин бо ҳавопаймоҳо бомбаборон мекунад", - мегӯяд Гулчеҳра ва меафзояд, миёни кушташудаҳо кӯдакон низ ҳастанд.

Ба саволи ин ки нақшаи қатли кӯдакро кай кашидааст, Бобоқулова мегӯяд: "Як моҳ пеш. Дидам, ки онҷо бомбаҳо...".

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ин изҳороти Бобоқуловаро натиҷаи бемории равонии вай донист ва даъват кард, ки ба ин гуфтаҳо "таваҷҷуҳи мутаносиб" карда шавад. Бо ин вуҷуд Песков гуфт, то анҷоми тафтишот набояд дар мавриди рафтори муттаҳам хулоса кард.

Гулчеҳра Бобоқулова рӯзи душанбеи 29 феврал дар назди метрои "Майдони октябр" боздошт шуд. Вай дар даст сари буридаи кӯдакеро дошт. Баъдтар маълум шуд, ки ин зан дояи духтарчаи чаҳорсола будааст. Бино бар иттилои тафтишот, доя интизор шудааст, ки волидон кӯдак аз хона бароянд ва баъдан сари кӯдакро бурида, хонаро оташ задааст. Бобоқулова ба гуноҳаш иқрор кард.

Бино бар иттилои расонаҳо, ин зан аз бемории саръ ранҷ мебарад. Додгоҳ Бобоқуловаро ба муҳлати 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтааст. Интизор меравад, ки имрӯз дар нисбати вай дар куштори кӯдак, оташ задани хона ва хабари бардуруғ дар бораи таркиш айб эълон шавад.

XS
SM
MD
LG