Ссылки доступа

Имом хатибони Тоҷикистонро ба театр "даъват" карданд


Бо ташаббуси Кумитаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон имом хатибон аз масҷидҳои минтақаҳои гуногуни кишвар намоишномаи "Сиреву саводе"-ро дар театри ба номи Лоҳутӣ тамошо карданд.

Афшин Муқимов, сухангӯи ин ниҳод ба Озодӣ хабар дод, ки рӯҳониён низ узви ҷомеа буда, хоҳишҳои маънавӣ доранд, ки бояд бо намоишҳои хуб онҳоро қонеъ кард. Ба гуфтаи вай, тамошои ин намоишнома барои имом хатибон дар театр ройгон ва ихтиёрӣ буд.

Ин намоишнома аз зиндагии ҷавоне қисса мекунад, ки бо мушкилиҳои зиёд аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия бармегардад ва мехоҳад бо як духтари маҳаллӣ издивоҷ кунад. Муаллифони ин намоишнома нишон медиҳанд, ки чӣ гуна хешовандон ва рӯҳониён ба издивоҷи ин ҷавон таъсир мекунанд. Падари ҷавон барои издивоҷи писараш тамоми молу мулкашро мефурӯшаду рӯҳониён аз ин издивоҷ фоидаи худро мегиранд. Дар натиҷаи харҷҳои зиёдатӣ ҷавон бо мушкилиҳои зиёде рӯбарӯ мешавад.

Рӯҳоние пас аз тамошо гуфт мазмуни намоишнома хуб буд, аммо либоси бархе аз ҳунармандон барояш писанд наомад.

Бо вуҷуди ин як намояндаи Кумитаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бар ин аст, ки "сафар ба театр" ба густариши ҷаҳонбинии рӯҳониён мадад мекунад. Дар моҳҳои гузашта рӯҳониёни вилоятҳои Суғд ва Хатлон намоишҳои театриро тамошо кардаанд.

Дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор имом хатиб кор мекунад ва чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа диққати махсус медиҳанд.

XS
SM
MD
LG