Ссылки доступа

Сеяки русҳо тарафдори президенти зан ҳастанд


Дар соли 2014 дар назарпурсии ба ин монанди "Левада-центр" 46 дарсади пурсидашудагони Русия барои президенти зан раъй дода буданд.

Сеяки русҳо мехоҳанд, ки дар 10-15 соли наздик зан раиси ҷумҳури кишварашон шавад. Дар ин бора “Интерфакс” бо истинод ба натиҷаҳои назарпурсии “Левада-центр” хабар медиҳад.

44 дарсади занҳо ва 21 фоизи мардҳои пурсидашуда омодаанд дар курсии раҳбари кишвар занро бубинанд. Вале қариб ними пурсидашудагон гуфтаанд, ки зидди президентшавии зан ҳастанд. Дар соли 2014 дар назарпурсии ба ин монанд барои раҳбари зани Русия 46 дарсади русҳо раъй дода буданд.

Дар маҷмӯъ, ба ширкати зан дар сиёсат аз чаҳор се ҳиссаи русҳо ҷонибдорӣ карда, аз се ду қисми мардум бар ин назаранд, ки занҳо бояд дар баробари мардҳо ба вазифаҳои баланди давлатӣ таъйин шаванд.

XS
SM
MD
LG