Ссылки доступа

Департаменти давлатии ИМА: Надежда Савченко бояд озод шавад


ИМА исрор дорад, ки шаҳрванди Украина, вакили мардумӣ Надежда Савченко аз маҳбаси Русия озод шавад.

Дар ин бора намояндаи Департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирбӣ хабар дод.

"Мо ба мавқеи қаблиамон устуворем: вай бояд озод шавад. Ӯро бе далел боздошт кардаанд ва мехоҳем, ки ӯро озод карда ба хонааш фиристанд", - гуфт Кирбӣ.

Дар додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростови Русия то рӯзи 9 март, ки Савченко сухани охиринашро баён хоҳад кард, судя танаффус эълон кардааст. Надежда Савченко дар посух ба танаффуси судя гуруснашинӣ эълон кард.

Ҷониби айбдоркунанда барои вай 23 соли зиндон талаб дорад. Савченко гуфт, аз болои ҳукми додгоҳ шикоят нахоҳад кард. Дар матне, ки ҳамчун сухани охирини Савченко дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, омадааст, ки вай на айбашро, на ҳукми додгоҳро ва на додгоҳи Русияро эътироф намекунад.

Надежда Савченкоро дар Русия дар куштори ду корманди телевизиони давлатӣ, ки ғайриқонунӣ марзи Украинаро гузашта буданд, ҳамчунин сӯиқасд ба ҷони гуруҳи ҷудоихоҳон ва убури ғайриқонунии марзи Русия айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG