Ссылки доступа

Бобоқулова расман дар куштори кӯдак айбдор мешавад


Алайҳи шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова, ки дар назди метрои "Майдони октябр"-и Москва бо сари буридаи кӯдак боздошт шуд, айб эълон гардид.

Вай дар куштори кӯдак айбдор мешавад. Дар ин бора Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад.

Кумита мегӯяд, барои айбдоршаванда ташхиси маҷмуии равонпизишкӣ таъйин шудааст, ки дар рафти ин ташхис вазъи руҳии вай муайян мегардад.

Хабаргузории РБК бо такя ба манбаъҳояш менависад, ФСБ Русия (Хадамоти амнияти федеролӣ) ба таҳдиди террор авлавият медиҳад. Дар ҳоли ҳозир хадамот ин иттилоъро ба баррасӣ гирифтааст, ки шавҳари ғайрирасмии Бобоқулова мумкин аст узви яке аз созмонҳои мамнуъ бошад, менависад нашрия.

Худи айбдоршаванда куштори кӯдакро қасоси Сурия аз президенти Русия Владимир Путин номид. Кремл ин баёнияро натиҷаи бемории равонии боздоштшуда эълон кард.

Гулчеҳра Бобоқулова рӯзи душанбеи 29 феврал дар назди метрои "Майдони октябр" боздошт шуд. Вай дар даст сари буридаи кӯдакеро дошт. Баъдтар маълум шуд, ки ин зан дояи духтарчаи чаҳорсола будааст. Бино бар иттилои тафтишот, доя интизор шудааст, ки волидон кӯдак аз хона бароянд ва баъдан сари кӯдакро бурида, хонаро оташ задааст. Бобоқулова ба гуноҳаш иқрор мекунад.

XS
SM
MD
LG