Ссылки доступа

Ба наздикони аъзои ҳабсшудаи ҲНИТ иҷозаи дидор доданд


Мақомоти Тоҷикистон бори аввал дар панҷ моҳи баъд аз боздошт ба аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки мамнӯъ эълон шудааст, иҷозаи дидор бо хешовандонашонро доданд.

Ба ғайр аз дидорҳои кӯтоҳмуддат бо боздоштшудагон, ба бархе аз хешовандон иҷоза дода шуд, ки дар муҳокимаи додгоҳӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ ширкат кунанд.

Ба гуфтаи Сафаралӣ Нуров, судяи Додгоҳи олии Тоҷикистон, ба парвандаи ҷиноии аъзои боздоштшудаи ҲНИТ мӯҳри «махфӣ» гузошта шудааст ва ба ин сабаб муҳокимаи додгоҳии онҳо паси дарҳои пӯшида сурат мегирад. Ба ин сабаб хешовандони онҳо метавонанд дар толори додгоҳ танҳо бу унвони шоҳид ҳузур дошта бошанд.

13 раҳбари ҲНИТ дар моҳи сентябри соли гузашта ба гумони ҳамдастӣ дар исёни муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода боздошт шудаанд. Онҳо ин айбро рад карда, мегӯянд «ин исён танҳо баҳонае буд, ки фаъолияти ҳизб дар қаламрави кишвар манъ шавад».

Ба иттилои созмонҳои байналмилалӣ, дар маҷмӯъ қариб 200 нафар аз ҷумлаи фаъолон ва ҷонибдорони ҲНИТ боздошт шуда, бархе аз онҳо мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 29 сентябри соли гузашта ин ҳизбро террористӣ унвон карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ намуд.

XS
SM
MD
LG