Ссылки доступа

Дар Киев ва Петербург аз Савченко ҳимоят карданд (видео)


Дар майдони Истиқлолияти шаҳри Киеви Украина рӯзи якшанбе бештар аз ҳазор нафар ҷамъ омада, аз ҳукумати Русия талаб карданд, Надежда Савченко ва дигар маҳбусони сиёсии Украинаро раҳо кунад.

Ҳарчанд қарор набуд, ки дар ин гирдиҳамоӣ сиёсатмадорони украинӣ ширкат варзанд, вале раиси ҳизби " Батковшина" Юлия Тимошенко, раиси Ҳизби радикалӣ - Олег Ляшко ва вакилони парлумони он кишвар иштирок доштанд.

Пештар аз ин чанд эътирозгар ба бинои сафорати Русия дар Киев тухм ҳаво дода, садо заданд: "Озодӣ ба Надежда!". Эътирозгарон ҳамчунин талаб карданд, ки робитаҳои дипломатӣ бо Москва қатъ шавад.

Чунин иқдомҳо дар Одесса, Запорож ва Херсони Украина низ барпо шуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки дар Петербург низ барои ҳимоят аз Савченко гирдиҳамоӣ баргузор шудааст. Бештар аз 30 фаъоли ҷамъиятӣ бо навиштаҷотҳо ба кӯчаи марказии Петербург - Нева баромадаанд. Ин фаъолон сухани охирини Савченкоро, ки мебоист дар додгоҳ баён кунад, дар варақаҳо нашр ва ба мардум тақсим карданд. Савченкоро дар додгоҳи шаҳрии Донетски вилояти Ростови Русия муҳокима мекунанд. Вай дар куштори ду хабарнигори рус ҳамдаст дониста мешавад.

Савченко ин иттиҳомро рад мекунад ва ҳоло даст ба гуруснанишинӣ задааст.

В Киеве прошли акции в защиту Надежды Савченко
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:07 0:00

XS
SM
MD
LG