Ссылки доступа

Қирғизистон ва Таиланд -- пешсафи масирҳои сайёҳии Югра


​Ба иттилои хабаргузории "ЮграPRO" Таиланд ва Қирғизистон дӯстдоштатарин масирҳои ҳавоии сайёҳӣ аз Юграи минтақаи худмухтори Ханти-Мансийски Русия шудаанд.

Ба иттилои ин манбаъ, дар моҳи январи соли 2016 аз фурудгоҳи Сургут ба Бангкок 3590 мусофир парвоз кардаанд.

Аз миёни кишварҳои наздик масири ҳавоии "Сургут-Хуҷанд" бо 1801 мусофир аз маҳбубияти бештар бархурдор буда, сипас Ӯш бо 1369 мусофир, Бишкек 1032 ва Боку бо 482 мусофир қарор гирифтаанд. Бо дарназардошти ҷамъи мусофирон Қирғизистон бо 2401 нафар пешсаф аст.

Хабаргузорӣ ин оморро ин гуна шарҳ медиҳад, ки бештари муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаи шимолӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Қирғизистонанд.

XS
SM
MD
LG