Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон беҳтарин шаҳру деҳоту оиларо муайян мекунанд


Бо амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ба муносибати 25-солагии истиқлолият озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Ин озмун беҳтарин вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, маҳалла, хона ва хонаводаи намунавиро аз миёни марказҳои маъмурии мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи марказ муайян мекунад.

Тавре дар амри президент омадааст, озмун ба хотири "дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои мамлакат, ободонӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон" баргузор мегардад.

XS
SM
MD
LG