Ссылки доступа

Матбуоти ҷаҳонӣ дар бораи вазъи шимоли Қазоқистон


Расонаҳои ҷаҳонӣ менависанд, мақомоти Қазоқистон аз вазъи бархе ноҳияҳои шимолии кишвар ва тағйирёбии таркиби қавмии Қазоқистон нигаронанд.

Хабаргузории Reuters дар матлаби "Баъди Украина Қазоқистон аз шуруи худмухтории рустабарон нигарон аст" менависад, ки аз назари демографӣ бархе аз ноҳияҳои шимолии Қазоқистон бо Қрим ва вилояти Донбасси Украина монандиҳои зиёд доранд. Аммо ҳоло нишонае нест, ки Москва ҷудоихоҳиро дар Қазоқистон доман мезада бошад, аммо Русия мехоҳад, Қазоқистонро зери нуфузи худ нигаҳ дорад.

3,7 миллион шаҳрванди Қазоқистон русзабонанд. Дар минтақаҳои шимоливу шарқии ин кишвар корхонаҳои бузурги саноатие таъсис шудааст, ки бо Русия пайванд доранд.

Нашрияи ҷопонии Diplomat дар ҳамин ҳол суол мегузорад, ки "Чаро русҳо Қазоқистонро тарк мекунанд?". Маъракаи ахири барӯйхатгирии аҳолӣ муайян кардааст, ки давоми 25 соли охир қазоқтаборон 70 дарсади шаҳрвандонро ташкил медиҳанд, дар ҳоле, ки шумори рустаборон тақрибан то 20 дарсад кам шудааст.

Нашрия зикр кардааст, маълумоти мавҷуда далолат бар он мекунад, ки давоми чанд соли охир "фишори қавмӣ ба як масъалаи муҳим табдил шудааст" ва дар пасманзари бад шудани вазъи иқтисодии Русия ва Қазоқистон, "фишори моливу қавмӣ афзоиш меёбад".

XS
SM
MD
LG