Дар оғози видеои 14 сониягӣ ду маъмури бузургҷуссаи милитсия занеро ба сӯйи ҷузъдони мошин кашола мекунанд. Сипас яке аз онҳо ҷузъдони мошини Nexia-и сафедрангро боз мекунад. Аммо маъмурон аз бори аввал наметавонанд занро дохили ҷузъдон кунанд, зеро вай фарёдзанон дасту по мезанад. Ҳамин лаҳза зан ба замин меафтад ва маъмурони милитсия дубора талош мекунанд, ки ӯро бардошта вориди ҷузъдони мошин кунанд, аммо ин кор барояшон ҳеҷ муяссар намешавад.
Муаллифи ин видео мегӯяд, ки дар муқобили шӯъбаи визаву сабти ном (ОВИР) шоҳиди чунин ҳодиса шудааст. “Дар атроф хархаша шурӯъ шуда, мардум ҷамъ шуданд. Ба ин сабаб милисаҳо натавонистанд ин занро вориди ҷузъдон кунанд. Дертар ман огаҳӣ ёфтам, ки ин зан талбанда будааст. Милисаҳо аввал кӯдакашро гирифтанд ва ба ин сабаб зан фарёд мекунад”, - мегӯяд хабарнигори мобилии “Озодлик” аз Самарқанд.
Аммо кормандони милитсия ин хабарро комилан рад карданд. “Чунин ҳодиса дар назди ОВИР рух надодааст ва рух дода ҳам наметавонист”, - гуфт намояндаи бахши корҳои дохилии вилояти Самарқанд.
Бо ин вуҷуд, муаллифи навори видеоӣ мегӯяд, ки “ин ҳодиса дар муқобили бинои ОВИР-и Самарқанд рух додааст. Дар пасманзари навори видеоӣ ин бинои ОВИР аст. Дар пушт он бинои бахши шаҳрии корҳои дохилӣ воқеъ мебошад. Аз тарафи рост кадом як меҳмонхонае ҷо гирифтааст”.
Аксҳо аз маҳалли ОВИР бо пасманзари навори видеоӣ мутобиқ мебошанд.