Ссылки доступа

Дар рӯзи 8 март ба занҳо 8-метрӣ матои атлас доданд


Ҳукумати вилояти Хатлони Тоҷикистон 8 март дар Рӯзи модар ба 306 зани касбҳои гуногун 8-метрӣ матои атлас тақдим кард.

Раиси бахши умури занҳои ҳукумати вилояти Хатлон Санавбар Самиева гуфт, “дар миёни занҳои аз тарафи ҳукумат табрикшуда занони фаъоли касбҳои мухталиф ҳастанд: фаррошу кӯчарӯб, пешхизмату тоҷир, муаллим ва духтур. Ба ҳамаи онҳо барои хотира пораи матои миллии атлас тақдим шуд”.

Самиева афзуд, ки ба ин тартиб мақомот мехоҳанд: дар миёни занҳо либоси миллиро низ таблиғ кунанд.

Вилояти Хатлон, ки теъдоди аҳолиаш ба 3 миллион нафар наздик мешавад, яке аз калонтарин вилоятҳои Тоҷикистон аст. Аз ин миқдор аҳолӣ қариб нимаш ё 49,8%-ро занҳо ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG