Ссылки доступа

Путин ба шаҳрванди Қирғизистон ҷоиза дод


Марат Исоев, шаҳрванди Қирғизистон, ки дар метрои Москва занеро наҷот дода буд, аз тарафи президенти Русия Владимир Путин қадрдонӣ шудааст.

Президенти Русия шаҳрванди Қирғизистон Марат Исоевро сазовори медали "Барои наҷот аз ҳалокат" донист. Ин фармон дар сомонаи расмии ҳукумати Русия ба нашр расидааст. Шарики Исоев сержанти пулис Артем Королюк низ ҳамин гуна нишони фахрӣ гирифт.

Марат Исоев 11 феврали соли ҷорӣ дар истгоҳи метрои «Красносельская»-и Москва ҳамроҳи Королюк занеро, ки бар асари беморӣ аз ҳуш рафта, рӯи роҳи оҳан афтод, наҷот дод. Дар ибтидо расонаҳои Русия номи ӯро зикр накарданд ва танҳо Королюкро қаҳрамон хонданд.

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барои мардонагӣ ва ҷасорат ҳангоми наҷот додани зан ба Исоев соати номнавис тақдим кард. Баъд аз ин шаҳрдори Маскав низ Ба Исоев ҷоиза дод.

XS
SM
MD
LG