Ссылки доступа

ИМА: муҳокимаи Савченко зидди созишҳои Минск аст


Муҳокимаи додгоҳии сарбози украинӣ Надежда Савченко ва зиндонӣ кардани вай далели эҳтиром накардани қонунҳои байналмилалӣ ва мухолифи вазифаҳои Русия тибқи тавофуқоти Минск мебошад.

Дар ин бора дар баёнияи котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ гуфта шудааст, ки дар сомонаи Департаменти давлатӣ чоп шуд.

Дар баёнияи худ Ҷон Керрӣ аз вазъи саломатии сарбози украинӣ изҳори нигаронии амиқ кардааст. “Дар 20 моҳи ахири баъд аз боздошташ дар шарқи Украина ва ба Русия оварда шуданаш. Савченко тибқи хабарҳои расида мавриди бозпурсиҳо ва санҷиши маҷбурии “рӯҳӣ” қарор гирифтааст”, - навиштааст котиби давлатӣ.

Иёлоти Муттаҳида бори дигар аз Русия даъват мекунад, ки Савченкоро фавран озод ва ба Украина баргардонад, омадааст дар баёнияи котиби давлатии Америка.

Ахиран Иттиҳоди Аврупо бори дигар аз Русия хост, ки Надежда Савченкоро фавран озод кунад. Он 7 март эълом дошт, “озодии Савченко мутобиқ ба иҷрои қарордодҳои Минск хоҳад буд. Зеро дар ин ҳуҷҷат озод кардани ҳамаи гаравгонҳо ва маҳбусони ғайриқонунӣ дар робита ба даргирӣ дар шарқи Украина пешбинӣ шудааст”.

XS
SM
MD
LG