Ссылки доступа

Ҳайати "набард"-и Қирғизистон бо Тоҷикистон муайян мешавад


Рӯйхати васеи номзадҳо ба тими мунтахаби футболи Қирғизистон таҳия шудааст. Ин тим аз 19-уми март омодагӣ барои бозии ниҳоӣ бо тими Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби бозиҳои интихоботии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии соли 2018 оғоз мекунад.

Бино бар хабари Федератсияи футболи Қирғизистон, дар рӯйхат исми 34 футболбозе ҳаст, ки аз онҳо танҳо 23 нафар ба тамрин даъват мешаванд.

Матяш Павел («УиТМ», Малайзия), Амиров Руслан («Олға»), Акималиев Калис («Абдиш-Ата»), Кашуба Валерий ва Зинченко Максим («Дордой») номзадҳо ба дарвозабонии тими мунтахаб ҳастанд.

Дар рӯйхати номзадҳои ҳимоятгарон Бойматов Азамат («Ситра», Баҳрайн), Козубаев Тамирлан («Ягодина», Сербистон), Кичин Валерий («Тюмен», Русия), Майер Виктор («Меппен», Олмон), Умаров Акрам («Крумкачи», Белорус), Самсалиев Талант, Шератов Курсан, Шокиров Шерзот ва Тэго Дэниел («Дордой»), Алимов Илёс ва Рустамов Турсуналӣ («Алай») ҳастанд.

Дуйшобеков Бахтиёр («Крумкачи», Белорус), Мусабеков Фарҳод («Академия», Молдова), Бернхардт Эдгар («Ал-Оруба», Уммон), Исроилов Аҳлиддин («Динамо-2», Украина), Землянухин Антон («Сисакет», Тайиланд), Содиқов Азиз, Шамшиев Ислом, Жиргалбек уулу Қайрат, Сагинбаев Бекжан ва Откеев Авазбек («Дордой»), Сидоренко Павел ва Амиров Элдор («Олға»), Мурзоев Мирлан («Афжет Афонспор», Туркия) номзадҳои нимҳимоятгар мебошанд.

Номзадҳои бозингарони ҳамлагар - Люкс Виталий («Унтерхахинг», Олмон), Тэтте Дэвид ва Левченко Роман («Дордой»), Боколеев Абай («Миласспор», Туркия), Филатов Иван («Сохар», Уммон) ҳастанд.

Рӯйхати ниҳоии бозигароне, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд, баъд аз анҷоми маъракаи тамрин муайян мешавад.

XS
SM
MD
LG