Ссылки доступа

Гузоришгари СММ: “Беҳтар аст, ҳамапурсӣ баргузор нашавад”


Гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии баён Девид Кэй дар натиҷаи сафараш ба Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ба мақомоти ин кишвар машварат додааст, ки дар моҳи май ҳамапурсӣ баргузор накунанд.

Зеро, ба гуфтаи вай, омодагӣ ба раъйпурсӣ бе баррасӣ ва гуфтугӯҳои зарурӣ идома дорад.

“Ҳамапурсӣ барои ислоҳи Конститутсияи Тоҷикистон, ки бояд 22 майи соли ҷорӣ баргузор шавад, бидуни муҳокимаҳои зарурӣ сурат гирифта, садои мухолифон аслан шунида намешавад. Ба ин сабаб мо баргузории онро машаварат намедиҳем”, - таъкид кард Кэй.

Тибқи иттилои расмӣ, Девид Кэй 3 март бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон вориди Душанбе шуда, бо мақомоти расмии кишвар, намояндаҳои расонаҳо ва созмонҳои ғайридавлатӣ мулоқот кардааст.

Зимни сухан дар нишасти хабарӣ вай аз афзоиши маҳдудият ва фишорҳо ба ҳизбҳои мухолиф, ҷомеаи маданӣ ва расонаҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Вай ҳамчунин аз маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ ва алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуд.

XS
SM
MD
LG