Шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар зиндони Бҳопал барои бе виза буданаш зиндонӣ аст, духтарчаеро ба дунё овард.
Шаҳрванди 35-солаи Ӯзбекистон соли гузашта барои бе виза ворид шудан ба кишвар боздошт шуда буд. Ба иттилои расонаҳо, Барно Ҷӯраева 9 декабри соли 2015 дар наздикии шаҳри Ҷадхедӣ боздошт шудааст.
Баъд аз он, ки зан аз дардҳояш шикоят кард, ӯро 5 март ба бемористон оварданд ва рӯзи дигар вай дар он ҷо таваллуд кардааст.
Вақте Барноро ба зиндон оварданд, вай дар шашумин моҳи ҳомиладорӣ буд. Ба иттилои пулис, вай 6 декабр пиёда аз Непал ба Ҳиндустон барои мулоқот бо нафаре омадааст, ки барояш дар гирифтани виза ваъдаи кумак кардааст.
Ҳоло модари таваллудкарда интизори ҳукми додгоҳ аст.