Ссылки доступа

Қазоқистон протоколи ҳамкории мақомоти қудратиро тасвиб кард


Парлумони Қазоқистон протоколи ҳамкории иттилоотии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД)-ро қабул кард.

Сенаторҳои Қазоқистон дар ҷаласаи имрӯзии худ ҳуҷҷати мазкурро қабул карданд. Кумитаи муносибатҳои байналмилалии парлумони Қазоқистон мегӯяд, ин ҳуҷҷат ба ташаккули низоми амнияти иттилоотӣ ва таъсиси асосҳои ҳуқуқии ҳамкории хадамоти махсус ва мақомоти қудратии кишварҳои аъзои СПАД равона шудааст.

Бар асоси ин протокол, кишварҳо бояд барои ҳимояи фазои иттилоотии ҳамдигар ҳамкорӣ кунанд. Ин ҳуҷҷат ҳамчунин ҳамкории ҷонибҳоро дар пешгирии ҷиноятҳое, ки тавассути технологияҳои иттилоотӣ зидди асосҳои конститутсионӣ ва амнияти давлат равона мешаванд, пешбинӣ мекунад.

Ба вижа, ин ҳамкориҳо табодули иттилоъ, баргузории чорабиниҳои фаврӣ барои огоҳсозии ҳамдигар, кашф, пешгирӣ, таҳқиқи ҷиноятҳои бахши технологияи иттилоотиро дар назар дорад.

Арманистон, Русия, Белорус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви СПАД ҳастанд.

XS
SM
MD
LG