Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон як гурӯҳ сокинони Роғун боздошт шудаанд


Як гурӯҳ сокинони шаҳри Роғун, воқеъ дар 90 километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон боздошт ва ба бахши корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фиристода шуданд.

Сабаби боздошти ин сокинон то ҳол маълум нест.

Ба гуфтаи хешовандон, дастикам 15 нафар боздошт шудаанд. Субҳи 9 март хешовандони ҷавонони деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун дар назди бинои бахши корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷамъ омада, озод кардани онҳоро талаб намуданд.

То ҳол рӯшан нест, ки теъдоди боздоштшудагон чӣ қадар аст, аммо хешовандонашон мегӯянд, ки онҳо даҳҳо нафаранд. Хешовандони ин ҷавонон иддао доранд, ки онҳоро гӯиё барои ба шакли “салафӣ” хондани намоз боздошт кардаанд. Онҳоро асосан дар рӯзҳои наздик ва бештарашонро 8 март дар масҷиди маҳаллӣ боздошт кардаанд. Дар миёни онҳо имом хатиби масҷиди деҳаи Қалъаи Нав ва ҳамчунин як духтур низ ҳастанд.

Як манбаъ дар ҳукумати шаҳри Роғун гуфт, ки 25 сокини деҳаи Қалъаи Нав якҷо бо имом хатиб Муборакшо Ҳасанов ва духтури деҳа Фазлиддин Гадое боздошт шудаанд.

Дар бораи боздошти ин нафарон мутахассиси калони Кумитаи корҳои дини шаҳри Роғун Муминшо Тоиров огаҳонида шуда, вай дар ин робита бо мақомот дар тамос мебошад. Раҳбари маркази матбуотии ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддини Садриддин 9 март хабар дод, ки ҳоло маълум нест ба кадоме аз боздоштшудаҳо айбнома пешниҳод карда мешавад.

XS
SM
MD
LG