Ссылки доступа

Курдҳо мегӯянд, ҳадафи ҳамлаи заҳрогини ДИ шудаанд


Намояндаҳои курдҳои Ироқ ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро дар истифодаи “маводи заҳролуд” ҳангоми тирборон кардани деҳа дар қисмати шимолии кишвар айбдор карданд.

Хабар дода мешавад, деҳае дар наздикии Киркук, ки дар он ҷо туркманҳои шиамазҳаб зиндагӣ мекунанд, бо бомбаҳои дорои маводи заҳролудкунанда тирборон шудааст.

Дар натиҷа, беш аз чиҳил нафар бо мушкили нафаскашӣ ва ҷароҳатҳои пӯсти бадан дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ҳолатҳои фавти мардум ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи фармондеҳи ихтиёрони курдии “пешмарга”, дар ин минтақа дар маҷмӯъ 24 мушаку бомба партоб шудааст.

Як рӯ пеш курдҳои суриягӣ ифротгароёни исломӣ ва ҷангиёни гурӯҳҳои дигареро, ки бо режими Башор Асад меҷанганд, ба истифодаи маводи кимиёвӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишини атрофи шаҳри Ҳалаб айбдор карда буданд.

XS
SM
MD
LG