Ссылки доступа

ВКД боздоштҳо дар Роғунро шарҳ дод (видео)


ВКД Тоҷикистон боздошти сокинони Роғунро шарҳ дод, аммо иддао дорад, ки касе барои озод кардани онҳо дар назди бинои милитсия гирдиҳам наомадаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи худ хабарҳои боздошти бархе аз сокинони Роғунро шарҳ дод. ВКД Тоҷикистон зикр мекунад, ки “ба сабаби ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгаро чанд сокини Роғун боздошт ва бархе аз онҳо ба унвони шоҳид барои сӯҳбат ба ниҳодҳои корҳои дохилӣ даъват шудаанд”.

Дар хабари ВКД Тоҷикистон зикр мешавад, ки “хешовандони онҳо дар назди бинои бахши милитсияи ноҳияи Фирдавсӣ ҷамъ нашудаанд ва қонунгузории Тоҷикистон баргузории чунин гирдиҳамоии беиҷозаро манъ мекунад”.

ВКД ҳамчунин хабарҳоеро рад кард, ки бархе аз “сомонаҳои интернетӣ гуфтаанд, ки сокинони шаҳри Роғун ғайриқонунӣ аз тарафи маъмурони ниҳодҳои корҳои дохилӣ боздошт шуда ва хешовандони онҳо дар назди милитсияи ноҳияи Фирдавсӣ ҷамъ шудаанд”.

“ВКД паҳн кардани ахбор бе зикри манбаъ аз сӯйи расонаҳоро ғайри қобили қабул медонад”, - гуфта шудааст дар хабари чопшуда дар сомонаи вазорат.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳе аз сокинони Роғун боздошт ва ба бахши милитсияи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оварда шуданд. Субҳи 9 март хешовандони ҷавонон аз деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун ба назди бинои милитсияи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе омада, озодии онҳоро талаб карданд.

Хешовандони ин ҷавонон иддао доранд, ки онҳоро гӯиё барои ба тарзи “салафӣ” хондани намоз боздошт кардаанд. Бештаре аз онҳо 8 март дар масҷиди маҳаллӣ боздошт шудаанд. Дар миёни боздоштшудагон имом хатиби деҳаи Қалъаи Нав ва ҳамчунин духтури деҳа низ ҳастанд. Як манбаъ дар ҳукумати шаҳри Роғун гуфт, ки 25 сокини деҳаи Қалъаи Нав якҷо бо имом хатиб Муборакшо Ҳасанов ва духтури деҳа Фазлиддин Гадоев боздошт шудаанд.

Пештар маркази матбуотии ВКД Тоҷикистон хабар дода буд, ки ба хотири пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгаро дар бораи ташкили гурӯҳи “Фаъолон” пешниҳод шудааст. Аъзои ин гурӯҳ бояд ба аҳолӣ ва намозхонҳо асоси мазҳаби Ҳанафиро шарҳ диҳанд, зеро бештари мусалмонони Тоҷикистон пайрави ин мазҳаб мебошанд.

Задержана группа жителей Рогуна
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:14 0:00

XS
SM
MD
LG