Ссылки доступа

Аз Бонки ҷаҳонӣ хостанд, ба Ӯзбекистон қарз надиҳад


Сарони эътилофи Cotton Campaign дар Вашингтон аризаеро бо 140 ҳазор имзо ба президенти Бонки ҷаҳонӣ супориданд. Дар он аз Бонки ҷаҳонӣ хоста мешавад, ки муваққатан додани қарзро ба Ӯзбекистон бас кунад.

Ҳомиёни ҳуқуқи байналхалқӣ, иттифоқҳои касаба ва эътилофи тиҷоратии Cotton Campaign аз президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ким хостанд, то замоне ки Ӯзбекистон аз истифодаи меҳнати маҷбурӣ дар ҷамъоварии пахта даст накашад, барои рушди соҳаи кишоварзии он қарз дода нашавад.

Дар ин ариза омадааст, ки ҳангоми мониторинги ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2015 далелҳое мушоҳида шудааст, ки гувоҳӣ медиҳанд, ҳадди ақал то 1 миллион одам ба меҳнати маҷбурӣ дар саҳрои пахта ҷалб гардидааст. Эътилоф хабар медиҳад, ки дар ин бора нишондоди мақомоти расмӣ, мусоҳибаҳо, ҳисобот ва ҳуҷҷатҳои садоиву видеоиро дар ихтиёр дорад.

Пеш аз ин Бонки ҷаҳонӣ хабар дода буд, ки дар доираи ҳамкории стратегӣ барои солҳои 2016-2020 ба Ӯзбекистон аз 3,5 то 4 миллиард доллари ИМА қарз хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG