Ссылки доступа

Вазири пешини матбуоти Русия аз зарба ба сараш фавтидааст


Дар Вашингтон мақомоти давлатӣ хабар доданд, ки вазири пешини матбуоти Русия Михаил Лесин, аз ҳамсафони дерина ва наздики Владимир Путин, ки ҷасадаш моҳи ноябр дар пойтахти ИМА ёфт шуд, аз "зарбаҳо ба сараш бо ашёи кунд" фавтидааст.

Дафтари асосии ташхисгоҳи судиву тиббӣ дар Вашингтон хабар дод, ки узвҳои дигари бадани Лесин низ осеб дидаанд.

Таҳқиқи парвандаи марги Лесин ҳанӯз ба охир нарасидааст. Баъди пайдо шудани ҷасади Лесин дар утоқи иҷорааш дар меҳмонхонаи Dupont 5 ноябр тахминҳое садо доданд, ки вай баъди тасмимаш дар мавриди кумак кардан ба FBI - хадамоти ҷустуҷӯии амрикоӣ кушта шудааст.

Ба ҳайси вазири иттилоот ва матбуоти Русия дар солҳои 1999 ва 2004 Лесин Газпром-Медиаи таъсисдодаи Кремлро идора мекард ва дар бунёди Russia Today, шабакаи телевизионии иттилоотии англисзабон, ки дар ҳоли ҳозир бо исми RT машҳур аст, саҳм гузошт.

XS
SM
MD
LG