Ссылки доступа

Аз ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон даъват шуд, раъйдиҳандагонро "нахаранд"


Раиси хадамоти давлатии сабти номи Қирғизистон Тайирбек Сарпашев аз ҳизбҳои сиёсӣ даъват кард, ки дар интихоботи маҷлиси шаҳрии Ӯш интихобкунандагонро "нахаранд".

Ин даъвати вай дар як гуфтугӯи мизи гирд дар Ӯш садо дод, ки низоми беҳтаршудаи шиносоии интихобкунандагонро тибқи маълумотҳои биометрӣ муаррифӣ мекард.

Сарпашев гуфт, "бо ворид кардани низоми шиносоии биометрӣ ва шумориши сандуқҳои раъй мо аз шеваҳои номашруи интихоботӣ: раъйдиҳии такрорӣ ва бештар аз як адад партофтани баргаҳои раъй раҳо шудем". Ба гуфтаи вай, масъалаи севум: "харидани" интихобкунандагон аз тарафи интихобшавандагон ҳалношуда мондааст.

Дар Қирғизистон 27 март интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG