Ссылки доступа

Варзишгарони қазоқтабор ҳамдигарро назаданд


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ қатъи рақобат миёни ду паҳлавони қазоқ дар набарди бидуни қоидаи 5 март дар наздикии Шанхай баррасӣ мешавад.

Дар навори видеоӣ, ки дар Youtube гузошта шудааст, рақобати беҳамтои мусобиқаи ҷангҳои бидуни қоида дар Чин дида мешавад. Дар рақобати ниҳоӣ Ойбек Нурсаиди қазоқистонӣ ва варзишгар Габит Турганбек, қазоқтабор аз Чин бо ҳам вохӯрданд. Дар тӯли 5 дақиқа рақибон фаъол набуданд ва ба ҳамдигар зарбаҳои ҷиддӣ намезаданд. Ба ин сабаб ҳаками мусобиқа ба варзишгарони барои намоиши варзиши номутобиқ ба меъёрҳои ин навъи варзиш кортҳои сурх нишон дода, бозиро баргузорнашуда эълон кард.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло ба ду ҷабҳа тақсим шуда, як ҷониб аз “рафтори ғайриварзишии паҳлавонҳо” интиқод ва дигариҳо аз онҳо ҳимоят мекунанд.

Баъд аз бозгашт ба ватан Ойбек Нурсаид ин рақобати ғайриоддиро чунин шарҳ дод: “Ман бо Габит ошно ҳастам ва дар Алмаато якҷо тамрин мекардем. Аммо миёни мо ягон маслиҳати наҷангидан нашудааст. Вақте ба майдончаи муштзанӣ баромадем, ман зуд эҳсос кардам, ки вай барои задани ман дасташро намебардорад ва ман ҳам аз ҳамла худдорӣ кардам. Ман бар ин назарам, ки қазоқҳо набояд дар ҳузури тамошочиёни чинӣ биннии ҳамдигарро шиканему чашмонамонро кӯр кунем. Чӣ қадаре, ки пул надиҳанд, мо мехостем нишон диҳем, ки мо қазоқ ҳастем. Сипас ман бо Габит дар сари як мизи зиёфат нишаста, дасти ҳамдигарро фишурдем”.

Ёдовар мешавем, дар ин мусобиқот ҷоизаи махсуси қаҳрамонӣ ва маблағи бузурге пешбинӣ шуда буд, аммо ин ҷоизаҳо насиби касе нашуд. Созмондиҳандагони ин мусобиқа дар рӯзҳои наздик дар нисбати варзишгари чинӣ Турганбек тасмим хоҳанд гирифт. Мусобиқаи навбатии бидуни қоида дар моҳи майи соли ҷорӣ дар Талдиқурғон баргузор мешавад. Вале раиси созмони ин навъи варзиши WBK аллакай гуфт, ки дар ин мусобиқа ба зидди Ойбек Нурсаид варзишгари қазоқтабор ҳунарнамоӣ нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG